Дар ҳоле, ки дар се соли гузашта шумори сайёҳони ба Тоҷикистон воридшаванда 2 баробар афзудааст, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тасмим гирифтааст дар ҳамин муддат шумори мавҷударо боз се маротиба афзоиш диҳад.
Аҳтам Абдуллозода, раиси ин кумита дар нишасти матбуотии ниҳоди зертобеъаш, ки имрӯз, 12 январ баргузор гардид, ваъда ниҳод, ки то соли 2020 шумори сайёҳон ба 1 миллион нафар хоҳад расид.
Дар се соли гузашта, тибқи иттилои мақомот, шумори сайёҳон ду баробар афзуда, ба 312 ҳазору 600 нафар расидааст. Тибқи иттилои Абдуллозода афзоиши сайёҳон дар соли 2016 ба 72000 нафар будааст, ки 30 дарсадро ташкил медиҳад.
Барои расидан ба нишондиҳандаи 1 миллион сайёҳ дар соли 2020 лозим меояд, ки шумори онҳо солона 50 дарсад афзоиш ёбад.
Тибқи иттилои раҳбари Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Тоҷикистон аз вуруди сайёҳон дар соли гузашта 156 миллион доллар даромад гирифтааст. Дар сурати ба 1 миллион расидани шумори сайёҳон, ин маблағ метавонад наздик ба ним миллиард долларро ташкил диҳад, ки 20 дарсади буҷаи имсолаи кишвар аст.
Абдуллозода дар бораи ҳоҷатхонаҳо дар роҳҳои кишвар ҳам сухан гуфта, зикр кард, ки давлат тасмим гирифтааст ин мушкилро ҳам ҳал кунад. Тибқи гуфтаи ӯ дар ҳар 50 километри шрҳроҳҳои кишвар як ҳоҷатхона ва дар ҳар 100 километр истироҳатгоҳҳо бунёд хоҳанд шуд.
Коршиносон Тоҷикистонро аз кишварҳое медонанд, ки заминаи хуби рушди сайёҳиро дорад ва дар сурати корсозии дуруст метавонад сайёҳиро ба даромади аслии кишвар мубаддал созад.