Як шаҳрванди Ӯзбекистон, ки шаби ҷашни соли нави мелодӣ даҳҳо нафарро дар Истамбул кушт, дастгир шуд. Дар ин бора рӯзномаи “Ҳуррият”-и Туркия гузориш дод.
Телевизиони давлатии «ТРТ» низ эълом кард, пас аз амалиёти ҷустуҷӯии васее, ки барои ёфтани ин гумонбар анҷом шуд, нерӯҳои амниятӣ тавонистанд ӯро дар маҳаллаи Эсенюрти Истамбул дастгир кунанд.
Абдулқодир Машарипов, шаҳрванди Ӯзбекистон омили ҳамла дар клуби шабонаи “Rein” шаби соли нави мелодӣ будааст, ки 39 кушта ва теъдод зиёде маҷрӯҳ бар ҷой гузошт.
Муовини нахуствазири Туркия пеш аз ин эълом карда буд, гурӯҳе аз афрод, умдатан зодаҳои Осиёи Марказӣ ва ақаллияти уйғур, ки эҳтимол меравад бо ДОИШ дар иртибот бошанд, ин ҳамларо анҷом додаанд.
Расонаҳои Туркия гузориш додаанд Абдулқодир Машарипов пеш аз ин ҳамлаи хунбор ҳамроҳи зане, ки эҳтимолан ҳамсараш буд ва ду кӯдак дар хонаи заминие дар шаҳри Куния зиндагӣ мекард.
Ба гузориши хабаргузории “Анадолу”, чаҳор нафари дигар ба ҳамроҳи Машарипов, аз ҷумла як шаҳрванди қирғиз ва се зан низ дастгир шудаанд.
Восип Шоҳин, шаҳрдори Истамбул рӯзи сешанбе, 17 январ эълом кард, Абдулқодир Машарипов, омили куштори тарабхонаи «Rein», ба чаҳор забон тасаллут дорад. Вай мутаваллиди соли 1983 буда, дар Афғонистон ба василаи гурӯҳҳои террористӣ омӯзиши низомӣ дидааст.
Шоҳин гуфт:«Абдулқодир дар январи 2016 аз марзи шарқи Туркия ба таври ғайриқонунӣ вориди ин кишвар шуда буд. Муҳоҷим ба гуноҳ ва ҳамлаи террористии худ эътироф кард ва асар ангушти вай бо асар ангуштонаш, ки ба василаи нерӯҳои амниятии Туркия мушаххас ва шиносоӣ шуда буданд ҳамсон будааст.”
Шаҳрдори Истамбул гуфт:«ин террорист силоҳ, асноди қалбакӣ ва пул ба маблағи 197 ҳазор доллар дар ихтиёр дошт. Ба назар мерасад, ки ин маблағ дастмузди вай барои қатли омӣ аст, ки муртакиб шудааст. Ҳамчунин ду баста силоҳ аз ӯ кашф шуд».
Шоҳин афзуд:« Абдулқодир аз сӯи ДОИШ маъмури қатли ом дар Истамбул шуда буд.»
Ба гуфтаи Шоҳин, як марди Ироқӣ, як зани мисрӣ ва ҳамчунин як шабакаи 50 нафарӣ дар иртибот бо ин муҳоҷим боздошт шудаанд.
Шаби солинавӣ шаҳрвандони Исроил, Фаронса, Тунис, Лубнон, Ҳинд, Белжик, Урдун ва Саъудӣ дар натиҷаи ҳамлаи Машарипов кушта ва даҳҳо тани дигар маҷрӯҳ шуда буданд.
ДОИШ масъулият ин ҳамларо бар ӯҳда гирифта, онро интиқом аз мудохилаи низомии Туркия дар Сурия унвон кард.