Саъдӣ Қодирзода, раҳбари Хадамоти зиддинҳисории Тоҷикистон имрӯз, 26 январ дар нишасти хабарии ин ниҳод жар посухба суоли хабарнигорон оиди нархи чипати ҳавопаймо гуфт, ки он дар ҳоли баррасист.
Тибқи иттилои ӯ, ҳукумат супориш додааст, ки ин масъала дида шавад ва айни ҳол Хадамоти зиддиинҳисорӣ нархи хидматрасонии фурӯдгоҳҳо дар Тоҷикистонро ба баррасӣ гирифтааст.
Қодирзода гуфт дар оянда натиҷаи таҳқиқ ва тасмими ин ниҳод эълон хоҳад шуд.
Нархи чиптаҳои ҳавопаймо аз Тоҷикистон, ки аз гаронтаринҳо дар ҷаҳон аст, мавриди гуфтугӯҳои зиёд аст. Ба суоли Паём.нет оиди он, ки оё имкон дорад нархи он поён бурда шавад ва бо чӣ роҳ, коршинос Абдуманнон Шералиев чунин посух гуфт:
— На, тақрибан имкон надорад. Нархи хидматрасонии фурӯдгоҳҳо дар Тоҷикистон яке аз баландтарин дар ҷаҳон аст ва поён бурдани он ҳатман ба нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ таъсир хоҳад кард. Аммо мушкили асосӣ ин нест. Агар фаразан нархи хидматрасонии фурӯдгоҳ бист дарсад поён бурда шавад, ба арзоншавии нархи чипта ҳамагӣ 3-4 дарсад таъсир дорад.
Мушкили аввал ин аст, ки рақобат дар ин самт озод нест. Ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон аз рақибони худ ҳамеша талаб мекунанд, ки нарх дар сатҳи боло нигоҳ дошта шавад.
Ва барои розӣ кардани рақибони хориҷиашон аз ҳар роҳ, бештар аз ҳама фишорӣ давлатӣ истифода мекунанд. Вазорати нақлиёт ва Департаменти авиатсияи Тоҷикистон ҳамеша аз ин манфиати “Тоҷикэйр”-у “Сомонэйр” дифоъ мекунанд, чун дасти онҳо дарозтар аз дасти вазорату хадамот аст. Ба назари мо баҳсҳои чанде пеш бавуҷудомади парвозҳо ҳам аз ҳамин ҷо манша мегирад. Барои ширкатҳои хориҷӣ ҳам баланд будани нарх манфиатовар аст ва онҳо муқобилияи зиёд нишон намедиҳанд. Сабаби ба рақобат розӣ нашудани ширкатҳои тоҷикӣ бошад ин аст, ки онҳо қудрати рақобат бо ҳеҷ ширкати хориҷие, ки ба Тоҷикистон парвоз анҷом медиҳад, надоранд.
Мушкили дуввум гарон будани нархи керосини авиатсионӣ аст. Фурӯши ин сӯзишворӣ дар Тоҷикистон беш аз 10 сол аст, ки инҳисорӣ шудааст ва қимати он назар ба кишварҳои ҳамсояву Русия ҳамеша аз 50 то 100 дарсад гарон буд.
Ҳатто замоне, ки инҳисорӣ набуд хеле гаронтар буд. Ба хотир дорам, солҳои 2002-2003, ки банда хатсайр боз карда будам, мо аз Тоҷикистон керосин намехаридем, балки ҳангоми бозгашт дар Чимкенти Қазоқистон фурӯд омада аз онҷо мехаридем ва ҳатто бо назардошти нархи хидмати фурӯдгоҳ, аз тайёраи хурд 1,5-2 ва аз тайёраи калон 3-4 ҳазор доллар сарфа мешуд.
Барои поён бурдани нархи чиптаҳои ҳавопаймоӣ, бояд пеш аз ҳама рақобати озод ҳам байни ширкатҳо ва ҳам дар фурӯши керосин роҳандозӣ шавад. Вале мутаасифона зӯри на Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва на ҳукумат ба соҳибони ширкатҳои ҳавопаймоӣ намерасад.