Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода зимни нишасти матбуотиаш гуфт, Шӯҳрат Қудратов наметавонист дар рӯйхати авфшудагон, ки ба муносибати 25 солагии истиқлолияти Тоҷикистон эълон шуда буд, қарор гирад.
Тибқи гуфтаи Ализода, Қудратов бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ — 320 қ.2 (додани пора) ва 247 (қаллобӣ) маҳкум шуда буд. “Аммо тибқи қонуни охирини авф, онҳое, ки бо моддаи додани пора мақкум шудаанд, авф намешаванд” — гуфт ӯ.
Файзинио Воҳидова, ҳуқуқшиноси маъруфи кишвар дар шарҳи ин гуфтаҳои омбудсмен гуфт:
— Масъалаи татбиқи санади авф нисбати вакили шинохтаи тоҷик Шӯҳрат Қудратов як ҳафтаи охир сархати расонаҳо гардидааст. Сабаби расонаӣ шудани ин масъала як муроҷиъати Раҳматилло Зойиров ба унвони Прокурори генералӣ буд. Ба масъулини макомоти давлатӣ маълум буд, ки ҳамасола дар моҳи январ нишасти матбуотӣ доир гардида, онҳо аз натиҷаи фаъолияти соҳаи худ гузориш медиҳанд ва баъди расонаӣ шудани парвандаи Шӯҳрат Кудратов ва сабаби озод нашуданаш мавриди саволу ҷавоб карор мегирад. Аз ин рӯ вазиру роҳбарони ниходҳои интизомӣ бояд ин масъаларо омӯхта, барои посух додан омода мешуданд. Имрӯз дидем ки роҳбарон ҳатто иттилооти заруриро дар ин баҳс надоранд. Аз вазъият бехабаранд ва боз як бори дигар бесалоҳиятии худро ба намоиш гузоштанд. Ман аз ҷавоби Прокурори генералӣ хабар надорам, аммо вазири адлия ва омбудсмени тоҷик ба як масъала ду хел посух доданд.
Аслан аз вазъият огоҳ набудани масъулин ва додани маълумотҳои ҳархела сабаб мешавад, ки онҳо таҳти интикоду сарзаниши мардум карор мегиранд. Наход як қонуни авфро тавзеҳ додан мушкил бошад? Шӯҳрат Қудратов бо моддаи 320 ва 247-и Кодекси ҷиноятӣ агар гунаҳгор дониста шуда бошад, пас тибки банди 6 моддаи 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» афроди ҷинояти дар моддаи 247 содиркарда, агар зарарро талофӣ карда бошад, аз адои минбаъдаи ҷазо озод мегарданд. Тибқи банди 2-и моддаи 9-и Қонуни авф, муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6- и Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷинояти қисми 2-и моддаи 320 ба ҷавобгарӣ кашида ва ё махкум шудаанд, татбиқ намегардад. Шояд омбудсмен муқарроти ҳамин моддаро дар назар дорад, аммо ҷаноби Ализода иштибоҳ мекунад, зеро моддаи 8-и ин қонун татбиқи моддаи 7-и онро нисбати ашхоси ҷинояти дар моддаи 320 содиркарда маҳдуд намекунад. Яъне моддаи 7-и Қонуни авф тартиби кам кардани ҷазои таъиннамудаи судро пешбинӣ намуда, кисми 2-и моддаи мазкур «ҷазои махкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онхо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин шудааст» аз се як ҳиссаи ҷазоро кам карданро пешбинӣ намудааст.
Инчунин дар муроҷиати Раҳматилло Зойиров зикр гардидааст, ашхосе, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудааст ва мӯҳлати ҷазои адонагардидааш аз 2 сол камтар боқӣ монда бошад, бояд озод гардад ва эшон ҳисоб мекунанд, ки нисбати Шӯҳрат Қудратов татбик нашудани ин муқаррарот ҳуқуқ ва озодиҳои Қудратовро маҳдуд менамояд. Фикр мекунам, ки ҷаноби Зойиров талаботи қисми 3-и моддаи 4-и Қонуни авфро дар назар доранд. Ин модда пешбинӣ намудааст маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ҳукм гирифтаанд (моддаҳои 247 қисми 4 ва 320 қисми 2 ба категорияи ҷиноятҳои вазнин дохил мешаванд) ва на камтар аз се ду ҳиссаи мӯҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрум озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда мешаванд.
Аз ин рӯ, масъулини мақомот бояд иттилооти дақиқ пешниҳод намояд, то байни мардум ҳар гуна андешаҳо пайдо нашаванд. Дар як вақт бояд ба назар гирифт, ки ҳангоми татбиқи қонуни авф марбут ба ҳисобгирии мӯҳлати ҷазои адонамуда нозукиҳои худро дорад, ки он на ба ҳар шаҳрванди маълумоти ҳуқуқинадошта маълум аст. Яъне, зимни ба ҳисобгирии мӯҳлати ҷазо, бояд ҷазои боқимондаи маҳкумшуда дар рӯзи қабули санади авф ба назар гирифта шавад, аммо бисериҳо аз рӯзи таъини ҷазо ва ё баҳабсгирӣ ҳисоб мекунанд, ки ҳаргуна фаҳмишҳоро ба миён меорад.
Дар маҷмӯъ, ман шахсан гуфта наметавонам, ки мӯҳлати адонагардидаи Шӯҳрат Қудратов чӣ қадар мебошад, вале ӯ ҳатман мавриди авф қарор гирифта, ҷазои адонагардидааш бояд аз се як ҳисса кам карда шавад.