Sunday, July 6, 2025
ads
HomeМуҳоҷиронБоз туҳфаи хонаву тафтишоту боздошт дар мавриди манзилгирии хонаводаи тоҷик дар Тотористон

Боз туҳфаи хонаву тафтишоту боздошт дар мавриди манзилгирии хонаводаи тоҷик дар Тотористон

Кумитаи тафтишотии Русия таҳқиқоти наверо дар робита ба соҳиб шудани як хонаводаи ниёзманди тоҷик ба манзил дар Ҷумҳурии Тотористон оғоз кардааст.

Рӯзи 3-юми марти соли 2025 шаҳрдории шаҳри Нижнекамски Тотористон ба Муҳиддин Холзода, зодаи Тоҷикистон ва хонаводааш манзил тақдим кард. Дар ин бора шаҳрдори шаҳр Рамил Мулин дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии “ВКонтакте” хабар дода буд. Ин иқдом вокунишҳои тунду тези сокинони маҳаллӣ ва корбарони шабакаҳои иҷтимоии Русияро ба вуҷуд овард.

Пас аз интишори ин хабар, гурӯҳе аз сокинони маҳаллӣ аз Кумитаи тафтишотии Русия талаб карданд, ки масъалаи воқеан ниёзманд будани ин хонаводаи тоҷик таҳқиқ шавад. Раиси Кумитаи тафтишотии Русия Александр Бастрикин изҳор дошт, ки таҳқиқот дар ин замина оғоз шудааст.

Тақдими манзил ба хонаводаи Холзода боис ба интиқоди сахт ва ҳатто таҳқири мақомот аз тарафи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ шуд. Ин вокунишҳо ба ҳадде расиданд, ки шаҳрдор Рамил Мулин маҷбур шуд бахши шарҳҳоро дар зери паёми худ ғайрифаъол кунад.

Айни ҳол Кумитаи тафтишотии Русия сабабҳои тақдими манзил ба ин хонавода ва далелҳои эҳтимолии сӯиистифода аз мансабро мавриди санҷиш қарор додааст. Мақомот мегӯянд, ки натиҷаҳои таҳқиқотро дар наздиктарин фурсат эълон хоҳанд кард.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?