Sunday, June 14, 2026
Место для Реклама!
HomeТоҷикистонАРЗИШИ ТАҲҚИҚУ ПАЖӮҲИШ 32 ҲАЗОР СОМОНӢ. ДАР ТОҶИКИСТОН КӢ ВА ЧӢ ГУНА...

АРЗИШИ ТАҲҚИҚУ ПАЖӮҲИШ 32 ҲАЗОР СОМОНӢ. ДАР ТОҶИКИСТОН КӢ ВА ЧӢ ГУНА ҚАДРДОНӢ МЕШАВАД?

Дар Тоҷикистон давлат ба касоне, ки хидматҳои арзишманд мекунанд, унвону ҷавоизи давлатӣ медиҳад, ки мукофотпулӣ ҳам дорад. Масалан, барандагони Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ва Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи илм ва техника, соҳиби маблағе ба андозаи 3 ҳазору 500 доллар (бештар аз 32 ҳазор сомонӣ) мешаванд. Ин ҷоизаҳо одатан барои асарҳое дода мешаванд, ки омодасозии онҳо як умри инсонро талаб мекунад.

Агар заҳмати 40-солаи як зиёиро ба ин маблағ тақсим кунем, маълум мешавад, ки арзиши моддии фаъолияти ӯ дар як моҳ ба таври рамзӣ чизе камтар аз 70 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, унвонҳои олии фахрӣ, ба мисли Нависанда, Шоир, Ҳунарпеша, Ҳофиз ва Рассоми халқии Тоҷикистон ё Арбоби ҳунар ва Арбоби илми Тоҷикистон ҳастанд, ки мукофотпулии нақдии якдафъаина надоранд ва танҳо ба маош ё пас аз баромадан ба нафақа 20% иловапулӣ медиҳанд.

Албатта, дар ин миён Ҷоизаи давлатии “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” истисност, ки бо маблағи қариб 195 ҳазор сомонӣ (2 ҳазору 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) яке аз бузургтарин дастгириҳои мустақими давлатӣ ба шумор меравад.

Ба рӯйи ҳар карт ангушт занед — тафсилот мебарояд
Ҷоизаҳои пулии давлатӣ — аз буҷети давлатӣ
Ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон»
195 000 сомонӣ
2 500 нишондиҳанда × 78 с. · ҳар 3 сол
Фонди Раисҷумҳур
Тафсилот
Маблағ195 000 сомонӣ
ДавраҲар 3 сол
Нафарон≤ 3 нафар
МанбаъФонди захиравии раисҷумҳур
Барои хизматҳо дар рушди демократия, сулҳ ва дӯстии байни халқҳо
Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ
32 480 сомонӣ
≈ 3 500 $ · ҳар 2 сол · дар умр 1 маротиба
Буҷети давлатӣ
Тафсилот
Маблағ32 480 сомонӣ
Эквивалент≈ 3 500 доллари ИМА
ДавраҲар 2 сол
МаротибаДар умр 1 маротиба
68 сомонӣ дар як моҳ агар ба 40 сол заҳмат тақсим шавад
Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон Ғафуров
30 000 сомонӣ
Таърих · Шарқшиносӣ · ҳар 2 сол · 2 нафар
Буҷети давлатӣ
Тафсилот
Маблағ30 000 сомонӣ
ДавраҲар 2 сол
Нафарон2 нафар
СоҳаТаърих · Шарқшиносӣ · Бостоншиносӣ
Барои корҳои илмию тадқиқотӣ дар таърих ва мардумшиносӣ
Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино (илм ва техника)
24 300 сомонӣ
≈ 2 625 $ · ҳар 2 сол · 4 самт
Буҷети давлатӣ
Тафсилот
Маблағ24 300 сомонӣ
Эквивалент≈ 2 625 доллари ИМА
ДавраҲар 2 сол
СамтҳоФизика, биология, тиб, гуманитарӣ
Ҷоизаи олии давлатӣ дар соҳаи илм
Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон
Маблағ дар низомнома нест
Ҳар сол · то 35 сол · соҳаи илм ва техника
Давлатӣ
Тафсилот
ДавраҲар сол
Синну солТо 35 сол
СоҳаИлм ва техника
ТашкилкунандаМақоми кор бо ҷавонон
Барои дастовардҳои барҷаста дар илм ва инноватсия
Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои дақиқ
20 000 сомонӣ
Ҳар сол · 15 нафар · 6 олим + 9 омӯзгор
Буҷети давлатӣ
Тафсилот
Маблағ20 000 сомонӣ (ҳар ғолиб)
ДавраҲар сол
Нафарон15 нафар
Тақсимот6 олим + 9 омӯзгор
Барои ҳар як ғолиб ҷудогона супорида мешавад
Унвонҳои фахрии давлатӣ — бе пули нақд
Унвонҳои фахрии «халқӣ» (5 унвон)
0 сомонӣ нақд
Шоир · Нависанда · Ҳофиз · Рассом · Ҳунарпеша
Унвони фахрӣ+20% нафақа
Тафсилот
Пули нақдНест
МукофотШаҳодатнома + нишон
Иловагӣ+20% ба нафақа
Хизмат35–45 сол фаъолияти эҷодӣ
Баландтарин унвонҳои фахрии давлатӣ дар санъат ва адабиёт
Унвонҳои «Арбоби илм ва техника» ва «Арбоби ҳунар» (2 унвон)
0 сомонӣ нақд
Доктори илм · 15–20 сол фаъолият
Унвони фахрӣ+20% нафақа
Тафсилот
Пули нақдНест
МукофотШаҳодатнома + нишон
Иловагӣ+20% ба нафақа
ТалаботДоктори илм, 15–20+ сол
Арбоби илм ва техника · Арбоби ҳунари Тоҷикистон
Унвонҳои «шоиста» (3 унвон)
0 сомонӣ нақд
Ҳунарпеша · Корманда · Донори ифтихорӣ
Унвони фахрӣ+15–20% нафақа
Тафсилот
Пули нақдНест
МукофотШаҳодатнома + нишон
Иловагӣ+15–20% ба нафақа
Хизмат15+ сол
Ҳунарпешаи шоиста · Корманди шоиста · Донори ифтихорӣ
Манбаъ: Қонуни ҶТ дар бораи мукофотҳои давлатӣ; қарорҳои Ҳукумати ҶТ № 206/2023, № 172/2024, № 621/2020

Роҳҳои дигари қадрдонӣ кадомҳоянд?

Дар баробари унвону ҷоизаҳои давлатӣ, солҳои охир ҳукумат усули нави қадрдониву ҳавасмандиро ба роҳ мондааст. Таъсиси озмунҳои бузурги ҷумҳуриявӣ, ба мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва “Илм – фурӯғи маърифат” бо шоҳҷоизаҳои 140 ҳазор сомонӣ аз он шумор ҳисобида мешавад.

Дар баробари ин, озмунҳои зиёди дигаре ҳастанд, ки вазорату идороти давлатӣ баргузор мекунанд. Аз он ҷумла, дар озмуни “Омӯзгори соли Тоҷикистон” ба ғолиби кулл 30 ҳазор сомонӣ, дар озмуни “Табиби сол” ғолиби кулл 15 ҳазор сомонӣ ва дар озмуни “Хонандаи соли Душанбе” ба ғолиби кулл 6 ҳазор сомонӣ ва диплом дода мешавад. Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳар сол ба чанд журналист медиҳад, 5 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дорад.

Ба рӯйи ҳар карт ангушт занед — тафсилот мебарояд
Ташаббуси раисҷумҳур — аз буҷети давлатӣ
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ — китоб аст»
Шоҳҷоиза: 140 000 с.
Ҷ.1: 70 000 · Ҷ.2: 50 000 · Ҷ.3: 40 000
Ташаббуси раисҷумҳурБуҷети давлатӣ
Тафсилот
Шоҳҷоиза140 000 сомонӣ
Ҷои 170 000 сомонӣ
Ҷои 250 000 сомонӣ
Ҷои 340 000 сомонӣ
ДавраҲар сол
Барои рушди фарҳанги китобхонӣ ва адабиёт
Озмуни «Илм — фурӯғи маърифат»
Шоҳҷоиза: 140 000 с.
Ҷ.1: 70 000 · Ҷ.2: 50 000 · Ҷ.3: 30 000
Ташаббуси раисҷумҳурБуҷети давлатӣ
Тафсилот
Шоҳҷоиза140 000 сомонӣ
Ҷои 170 000 сомонӣ
Ҷои 250 000 сомонӣ
Ҷои 330 000 сомонӣ
ДавраҲар сол
Барои рушди илм ва инноватсия дар Тоҷикистон
Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман»
Шоҳҷоиза: 100 000 с.
Ҷ.1: 50 000 · Ҷ.2: 35 000 · Ҷ.3: 25 000
Ташаббуси раисҷумҳурБуҷети давлатӣ
Тафсилот
Шоҳҷоиза100 000 сомонӣ
Ҷои 150 000 сомонӣ
Ҷои 235 000 сомонӣ
Ҷои 325 000 сомонӣ
ДавраҲар сол
Барои рушди эҳсоси ватандӯстӣ ва эҷодиёт
Манбаъ: president.tj; Вазорати маориф ва илм; Шаҳрдории Душанбе

Аммо дар муқобили ин кӯшишҳои давлатӣ, бозори озод қарор дорад, ки комилан “бо қонунҳои дигар” фаъолият мекунад. Дар ин ҷо сарчашмаи маблағгузорӣ на буҷети давлат, балки маблағгузории ширкатҳои тиҷоратӣ ва сарпарастон мебошад.

Масалан, дар озмуни шаҳрии “Зебосанами Душанбе”, ки ғолибан аксари мукофотпулиро ширкатҳои сарпараст мепардозанд, ғолиби асосӣ соҳиби 150 ҳазор сомонӣ ва тоҷи тиллоӣ мешавад ва барандагони номинаҳои дигар ҳар кадом 100 ҳазор сомонӣ ба даст меоранд.

Ё дар озмунҳои дигаре, ки “Блогери сол”-ро муайян ва қадрдонӣ мекунанд, мукофотҳое ба мисли тамғаи охирини телефони “Айфон” (ҳудуди 20 ҳазор сомонӣ) ва тахфифҳои чашмрасе барои хариди хона дода мешаванд.

Ба рӯйи ҳар карт ангушт занед — тафсилот мебарояд
Давлатӣ ва касбӣ — аз буҷет ва ташкилотҳо
Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон»
Ғолиби кулл: 30 000 с.
Вазорати маориф · ҳар сол · 3 марҳила
Вазорати маорифБуҷети давлатӣ
Тафсилот
Ғолиби кулл30 000 сомонӣ
ДавраҲар сол
МарҳилаҳоНоҳия → вилоят → ҷумҳурӣ
МанбаъВазорати маориф ва илм
Баландтарин ҷоизаи касбӣ барои омӯзгорон
«Табиби сол» — Вазорати тандурустӣ
15 000 сомонӣ
+ ҷоизаи касбӣ · ҳар сол
Вазорати тандурустӣ
Тафсилот
Мукофот15 000 сомонӣ + ҷоиза
НоминатсияҳоЧанд самт
ТашкилкунандаВазорати тандурустӣ
ДавраҲар сол
Барои баланд бардоштани касбияти кормандони тиббӣ
«Хонандаи соли Душанбе»
Ҷои 1: 6 000 сомонӣ
Шаҳрдории Душанбе · ҳар сол
Шаҳрдории Душанбе
Тафсилот
Ҷои 16 000 с. + Диплом Раиси шаҳр
СатҳШаҳрии Душанбе
ДавраҲар сол
МанбаъШаҳрдории Душанбе
Ҳамроҳ бо Дипломи Раиси шаҳри Душанбе
Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ — Иттифоқи журналистон
5 000 сомонӣ
Ба чанд журналист · ҳар сол
Иттифоқи журналистон
Тафсилот
Маблағ5 000 сомонӣ (ба ҳар нафар)
ДавраҲар сол
НафаронЧанд журналист
ТашкилкунандаИттифоқи журналистони Тоҷикистон
Барои дастовардҳои барҷаста дар журналистика
«Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин» — Вазорати фарҳанг
Ҷ.1: 3 000 сомонӣ
Ҷ.2: 2 000 · Ҷ.3: 1 000 · ҳар сол
Вазорати фарҳанг
Тафсилот
Ҷои 13 000 сомонӣ
Ҷои 22 000 сомонӣ
Ҷои 31 000 сомонӣ
ТашкилкунандаВазорати фарҳанги ҶТ
ДавраҲар сол
Барои рушди матбуот ва тарғиби хониш
Зебоӣ ва рақамӣ — аз сарпарастон
Таваҷҷӯҳ: Озмуни «Зебосанами Душанбе» аз ҷониби Шаҳрдории Душанбе баргузор мешавад ва сарпарастони хусусӣ ҳам дорад. Озмуни «Блогери сол» пурра аз ҷониби сарпарастони тиҷоратӣ маблағгузорӣ мешавад.
«Зебосанами Душанбе» — Miss Dushanbe
Ғолиб: 150 000 сомонӣ
Фонди умумӣ: 1 млн с. · ҳар сол
Шаҳрдории Душанбе+ Сарпарастон
Тафсилот
Ғолиби кулл150 000 с. + тоҷи тиллоӣ
Зебосанами зирак100 000 с. + тоҷ
Зебосанами маҳбуби дилҳо100 000 с. + тоҷ
Фонди умумӣ1 000 000 сомонӣ
ТашкилкунандаШаҳрдории Душанбе
МаблағгузорӣШаҳрдорӣ + сарпарастони хусусӣ
Озмун аз 3 номина: Зебосанами Душанбе, Зебосанами зирак, Зебосанами маҳбуби дилҳо
«Блогери сол» — Ассотсиатсияи блогерон
Телефони нав + пул + туҳфаҳо
10 номинатсия · ҳар сол (декабр)
Бозори рақамӣСарпарастон
Тафсилот
Номинатсияҳо10 самт
ТуҳфаТелефони нав + пул + тахфифи хона
ИнтихобSMS-овоздиҳии мухлисон
ДавраҲар сол (декабр)
ТашкилкунандаАссотсиатсияи блогерони ТҶ
Маблағи дақиқ расмӣ нашр намешавад — сарпарастон ширкатҳои тиҷоратанд
Манбаъ:сомонаи Шаҳрдории Душанбе; Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

“…ин куҷову он куҷо?”

Аммо вақте ба рақамҳо нигариста, каме амиқ таваҷҷӯҳ кунем, ки тафовути чашмрасеро мебинем: қадрдонии адибе, ки 40 сол заҳмат кашидааст – 32 ҳазор сомониву омӯзгоре, ки чанд наслро илм омӯзонидааст – 30 ҳазор сомониву табибе, ки ҷони садҳо танро аз марг наҷот додааст – 15 ҳазор сомониву рӯзноманигоре, ки садҳо мақолаву мусоҳибаву тадқиқот омода кардааст – 5 ҳазор сомонӣ ва арзиши як озмуни тиҷоратӣ – 150 ҳазор сомонӣ.

Тазоди арзишҳо аз нигоҳи коршиносон

Барои фаҳмидани он ки чаро чунин тафовути амиқ дар меъёрҳои қадрдонии ҷомеа ба миён омадааст ва ин ҳолат ба ояндаи ҷомеа ва кишвар чӣ гуна таъсир мегузорад, мо ба се коршиноси соҳаҳои гуногун – равоншинос, адиб ва ҳунарпеша муроҷиат кардем. Назари онҳо воқеияти имрӯзаро аз ҷанбаҳои мухталиф ифшо мекунад. Саволи асосӣ ин аст: вақте меъёрҳои қадрдонӣ ин қадар вожгун мешаванд, ояндаи мо чӣ гуна хоҳад буд?

Инфографика 4 аз 4 · Asia+

Дар Тоҷикистон кӣ чӣ гуна қадр мешавад?

Тафовути маблағ — аз зиёд ба кам (сомонӣ)

Ҷоизаи давлатии «Пешвои миллат — Эмомалӣ Раҳмон»2 500 нишондиҳанда × 78 с. · ҳар 3 сол · ≤ 3 нафар · Фонди захиравии раисҷумҳур
195 000 с.
195 000 с.ҳар 3 сол
Зебосанами Душанбе — ғолиби куллШаҳрдории Душанбе + сарпарастони хусусӣ · 2 моҳ иштирок · + тоҷи тиллоӣ
150 000 с.
150 000 с.ҳар сол
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — шоҳҷоизаТашаббуси раисҷумҳур · аз буҷети давлатӣ · ҳар сол
140 000 с.
140 000 с.ҳар сол
Озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» — шоҳҷоизаТашаббуси раисҷумҳур · аз буҷети давлатӣ · ҳар сол
140 000 с.
140 000 с.ҳар сол
Зебосанами Душанбе — «Зебосанами зирак»Шаҳрдории Душанбе + сарпарастони хусусӣ · 2 моҳ · + тоҷи тиллоӣ
100 000 с.
100 000 с.ҳар сол
Зебосанами Душанбе — «Зебосанами маҳбуби дилҳо»Шаҳрдории Душанбе + сарпарастони хусусӣ · 2 моҳ · + тоҷи тиллоӣ
100 000 с.
100 000 с.ҳар сол
Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» — шоҳҷоизаТашаббуси раисҷумҳур · аз буҷети давлатӣ · ҳар сол
100 000 с.
100 000 с.ҳар сол
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — ҷои 1Ташаббуси раисҷумҳур · аз буҷети давлатӣ · ҳар сол
70 000 с.
70 000 с.ҳар сол
Озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» — ҷои 1Ташаббуси раисҷумҳур · аз буҷети давлатӣ · ҳар сол
70 000 с.
70 000 с.ҳар сол
Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» — ҷои 1Ташаббуси раисҷумҳур · аз буҷети давлатӣ · ҳар сол
50 000 с.
50 000 с.ҳар сол
Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» — ҷои 2Ташаббуси Раисҷумҳур · аз буҷети давлатӣ · ҳар сол
50 000 с.
50 000 с.ҳар сол
Озмуни «Илм — фурӯғи маърифат» — ҷои 2Ташаббуси Раисҷумҳур · аз буҷети давлатӣ · ҳар сол
50 000 с.
50 000 с.ҳар сол
Озмуни «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» — ҷои 2Ташаббуси Раисҷумҳур · аз буҷети давлатӣ · ҳар сол
35 000 с.
35 000 с.ҳар сол
Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ★40+ сол заҳмат · ≈ 3 500 $ · ҳар 2 сол · дар умр 1 маротиба
32 480 с.
32 480 с.ҳар 2 сол
Ҷоизаи давлатии академик Бобоҷон ҒафуровТаърих · Шарқшиносӣ · Бостоншиносӣ · ҳар 2 сол · 2 нафар
30 000 с.
30 000 с.ҳар 2 сол
Озмуни «Омӯзгори соли Тоҷикистон» — ғолиби куллВазорати маориф ва илми ҶТ · ҳар сол · 3 марҳила
30 000 с.
30 000 с.ҳар сол
Ҷоизаи давлатии ба номи Абуалӣ ибни Сино (илм ва техника)≈ 2 625 $ · ҳар 2 сол · 4 самт · талабот: дараҷаи докторӣ
24 300 с.
24 300 с.ҳар 2 сол
Ҷоизаи давлатӣ барои олимону омӯзгорони фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣАз буҷети давлатӣ · ҳар сол · 15 нафар (6 олим + 9 омӯзгор)
20 000 с.
20 000 с.ҳар сол
«Табиби сол» — Вазорати тандурустии ҶТАз буҷети давлатӣ · ҳар сол · барои кормандони тиббӣ
15 000 с.
15 000 с.ҳар сол
Озмуни шаҳрии «Хонандаи соли Душанбе» — ҷои 1Шаҳрдории Душанбе · ҳар сол · + Диплом Раиси шаҳр
6 000 с.
6 000 с.ҳар сол
Ҷоизаи ба номи Лоҳутӣ — Иттифоқи журналистони ТоҷикистонИттифоқи журналистони ҶТ · ҳар сол · ба чанд журналист
5 000 с.
5 000 с.ҳар сол
«Рӯзнома ва маҷаллаи беҳтарин» — Вазорати фарҳанг — ҷои 1Вазорати фарҳанги ҶТ · ҳар сол
3 000 с.
3 000 с.ҳар сол
Унвонҳои фахрии “халқӣ” (Нависанда, Шоир, Рассом, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон)35–45 сол фаъолияти эҷодӣ · шаҳодатнома + нишон · +20% ба нафақа
0 нақд
0 нақдумрӣ
Унвони фахрии Арбоб – Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ва Арбоби ҳунари ТоҷикистонДоктори илм · 20+ сол · шаҳодатнома + нишон · +20% ба нафақа
0 нақд
0 нақдумрӣ
Унвонҳои фахрии «шоиста»: Ҳунарпеша, Корманда, Донори шоистаи Тоҷикистон15+ сол хидмат · шаҳодатнома + нишон · +15–20% ба нафақа
0 нақд
0 нақдумрӣ
Агар заҳмати 40-солаи як зиёиро ба ин маблағ тақсим кунем, маълум мешавад, ки арзиши моддии фаъолияти ӯ дар як моҳ ба таври рамзӣ чизе камтар аз 70 сомониро ташкил медиҳад.
×4.6
Зебосанам аз ҷоизаи адабии давлатӣ зиёдтар
68 с.
Ҷоизаи Рӯдакӣ дар як моҳ (40 сол)
2 моҳ
Иштирок дар «Зебосанам» барои 150 000 с.
«Пешвои миллат» Ҷоизаҳои давлатӣ Озмунҳои Раисҷумҳур Ҷамъиятӣ / дигар Унвонҳо (0 нақд)
Манбаъ: Қонуни ҶТ дар бораи мукофотҳои давлатӣ; қарорҳои Ҳукумати ҶТ; president.tj; Шаҳрдории Душанбе; Иттифоқи журналистон
Унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон — 0 сомонӣ нақд
0 сомонӣ
Доктори илм · 20+ сол · шаҳодатнома + нишон · +20% ба нафақа

“Ба ин оварда мерасонад, ки адибу табибу омӯзгор мақоми худро гум кунанд”

Аз нигоҳи равоншиносӣ, аввалин зарбаро насли наврас мехӯрад. Нигина Мамадҷонова, равоншиноси тоҷик, мегӯяд, ки дар чунин шароит меъёри муваффақият дар зеҳни ҷавонон комилан тағйир ёфта, аз “маҳорату кордонӣ” ба “лайк ва боздид” мубаддал мешавад.

Ба қавли равоншинос, вақте кӯдак дар оила ва мактаб панди “нағз хону касб омӯз – муваффақ мешавӣ”-ро мешунавад, аммо дар зиндагии воқеӣ баръаксашро мебинад, мебинад, ки адибе дар нақлиёти ҷамъиятӣ сари пой ба хонааш равон асту масхарабозе бо мошини тамғаи охирин, таъсири бади равонӣ мебардорад.

Ин вожгунии арзишҳо, ба гуфтаи Мамадҷонова, ба табақаи зиёии миёнсолу куҳансол низ таъсири манфӣ мегузорад. Дар ниҳоят, ҳисси ноадолатии иҷтимоӣ ва хастагӣ боис мешавад, ки касбҳои роҳбурдӣ ва муҳим, ба мисли омӯзгорӣ, табибӣ, адибӣ ва илм мақоми худро гум кунанд, ки ин ё ба тарки соҳа ва ё ба муҳоҷирати мағзҳо оварда мерасонад.

“Маблағҳои чашмрас бояд ба адабиёту ҳунар ҳам сарф шаванд”

Ато Мирхоҷа, шоир, нависанда ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ин масъаларо ба ду тараф баррасӣ мекунад. Аз як тараф, тафовутро эҳсос мекунад: “вақте ки адибе чанд сол нишаста роман навиштааст, ба мукофоти давлатӣ пешниҳод мешавад – 3 ҳазору 500 доллар мегираду бархеи дигарҳо 5 баробар зиёд аз он, ҳақиқатан, беадолатӣ ҳис мешавад”.

Ато Мирхоҷа, акс аз муаллиф

Ин масъала, тавре Ато Мирхоҷа мегӯяд, борҳо аз ҷониби Иттифоқи нависандагон ва Кумитаи ҷоизаи Рӯдакӣ ба ҳукумат расонида шудааст. Ӯ пешниҳод дорад, ки маблағи Ҷоизаи Рӯдакӣ ба ақаллан 10 ҳазор доллар бирасад: “Вақте аз номи давлат ҷоизае медиҳанд, бояд мукофотпулии нағз дошта бошад, ба ному шону эътибори давлат мезебад”.

Адиби тоҷик озмунҳое мисли “Фурӯғи субҳи доноӣ”-ро аз манзари дарозмуддат арзёбӣ мекунад: “Сиёсат на ба 10 солу 20 сол, балки ба 100 соли оянда нигаронида мешавад. Маблағе, ки ҳозир мо барои озмунҳои шеъразбаркуниву китобхонӣ сарф мекунем, шояд баъди садсолаҳо, вақте ки мардум фарҳангдӯст шуда, адабиётро аз худ мекунанд, самара диҳад ва эҳтиёҷ ба ин озмунҳоро аз байн барад”.

Нисбат ба озмунҳои зебоӣ ва шоу, ин адиби тоҷик нигоҳи нисбатан мувозин дорад: “Ҳар як соҳа арзиши худашро дорад. Озмунҳои зебоӣ ва шоуҳо асосан аз ҳисоби сарватмандоне баргузор мешаванд, ки ба ин соҳа таваҷҷӯҳ доранд”. “

“Масалан, аз паси як тӯби футбол 24 кас давидан ба назари ман кори бефоидаест. Ё аспдавонӣ ҳам ҳамин тавр. Аммо бисёриҳо ба ин таваҷҷӯҳ доранд. Ман намегӯям, ки ин ё он кор, барнома ё озмун баргузор нашавад, аммо арзишҳо шинохта ва дуруст қадрдонӣ шаванд”

Ато Мирхоҷа шоир, нависанда ва барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.

Ин адиби тоҷик ба зарурати шинохти арзишҳо таъкид карда, мегӯяд, ки “ҳамин гуна маблағҳои чашмрас бояд ба адабиёту ҳунар ҳам сарф шаванд”.

“Роҳбарон бояд ин масъаларо ҳал кунанд”

Моҳпайкар Ёрова, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон ва довари озмуни “Зебосанами Душанбе – 2026”, тафовути чашмраси қадрдонии ҳунару зебоиро мепазирад, аммо умедвор ҳам ҳаст, ки рӯзе арзишҳо дар ҷойҳои худ менишинанд.

Вале дар бораи озмуни “Зебосанами Душанбе” ӯ ба чанд нукта таъкид дорад: он бо супориши шаҳрдори Душанбе баргузор шуду сармоягузорон ба он ҷалб шуданд ва ҳадафаш таблиғи либосҳои миллӣ ва посдории фарҳанги тоҷикӣ буд.

Моҳпайкар Ёрова, акс аз бойгонии ҳунарпеша

Бо вуҷуди ин, ин ҳунарпешаи тоҷик ёдовар мешавад, ки дар бахши театр ҳам озмуни ҷумҳуриявии “Парасту” ҳаст, ҳарчанд мукофотпулии чашмрас надорад. Ӯ аз баргузории он ёдовар мешавад: “тахминан 10 сол пеш вақте ба ман ҷоизаи “Беҳтарин нақши занона” доданд 500 сомонӣ мукофотпулӣ дошт, вале соле пеш барои ҳамин ҷоиза ман 2 ҳазор сомонӣ гирифтам”. “

“Бале, ин ҳам маблағи зиёд ва арзанда нест. Вале сол то сол хуб мешавад. Агар дар озмуни “Парасту – 2027” сарпарастонро ҷалб кунанд – боз беҳтар мешавад”.

Моҳпайкар Ёрова

Моҳпайкар Ёрова бар ин бовар аст, ки масъалаи арҷгузориву арзишшиносиву мукофотпулиҳои арзанда “дар поёнҳо” ҳал намешавад: “роҳбарон бояд ин масъаларо ҳал кунанд, бо намояндаҳои касбу кори гуногун ҳамсӯҳбат шаванд, машварат кунанд, ҳарфи ману шумо дуруст, вале масъулияти мо нест, мо ҳал карда наметавонем”.

Се пешниҳод дар се самт

Дар ниҳоят, ин се коршинос бо шеваҳои гуногун мавҷудияти мушкилро тасдиқ карда, мегӯянд, ки тафовути чашмраси молиявӣ ва иҷтимоӣ байни заҳмати бунёдии зеҳнӣ ва соҳаҳои тиҷоративу фароғатӣ, дар ҷомеа як халои бузурги маънавӣ эҷод кардааст. Ин бӯҳрон ба ояндаи сармояи зеҳнии кишвар таҳдид эҷод мекунад. Барои берун рафтан аз ин вазъ, коршиносон пешниҳодҳои зеринро ба миён мегузоранд:

Эҳёи боварии насли наврас. Барои он ки ҷавонон ба ояндаи худ ноумед ва дучори духӯрагии арзишҳо нашаванд, ҷомеа ва давлат бояд дар амал нишон диҳанд, ки дониши бунёдӣ ва заҳмати зеҳнӣ кафолати зиндагии шоиста буда метавонад.

Афзоиши маблағгузории давлатӣ. Ҳукуматро лозим аст, ки пуштибонии молиявиро аз илму адаб ва ҳунар ба таври ҷиддӣ бештар кунад. Аз ҷумла, маблағи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ бояд ҳадди ақал то 10 ҳазор доллар боло бурда шавад, то ин подош ҳам ба шони давлат ва ҳам ба заҳмати чандинсолаи эҷодкор созгор бошад.

Мудирияти муосир ва ҷалби сармоя. Танҳо танқид кардани бозори озод ё озмунҳои шоу роҳи ҳал нест, зеро сармояи хусусӣ ҳамеша ба бахшҳои сердаромад ва фароғатӣ таваҷҷӯҳ мекунад. Роҳбарони соҳаҳои илму маориф ва фарҳангро зарур аст, ки худашон ташаббус нишон диҳанд, усулҳои муосири мудириятро омӯзанд ва сарпарастони хусусиро барои дастгирии лоиҳаҳои мондагори зеҳнӣ ҷалб намоянд.

Роҳи хуруҷ аз ин вожгунии арзишҳо дар он аст, ки давлат ва сохторҳои он заҳмати зеҳниро ба таври сазовор арҷгузорӣ кунанд ва мукофотпулиҳоеро таъин намоянд, ки дар муқоиса бо бахшҳои дигар барои аҳли илму адаб таҳқиромез ба назар нарасанд.

Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Иттилоъ, акс ё видео фиристед — маводҳо махфона баррасӣ мешаванд.

Акс
Видео
Садо
Тамос
RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular