Friday, April 25, 2025
ads
HomeҲуқуқи инсонИдибеки Бохтарӣ ба як соли зиндон маҳкум шуд

Идибеки Бохтарӣ ба як соли зиндон маҳкум шуд

Идибеки Мардон, блогери шинохта ва маъруф бо лақаби “Идибеки Бохтарӣ”, бо ҳукми Додгоҳи шаҳри Бохтар ба як соли маҳрумият аз озодӣ маҳкум гардид. Ба иттилои манобеи TajNews, додгоҳ ӯро бо моддаи марбут ба истифодаи зӯроварӣ нисбат ба намояндаи ҳокимият гунаҳкор донистааст.

Ҳукм ҳафтаи гузашта содир шудааст, вале ҳанӯз қувваи қонунӣ нагирифтааст. Назари худи блогер, наздикон ва вакили дифоъ то ҳол дастрас нест. Маълум нест, ки онҳо аз болои ҳукм шикоят хоҳанд бурд ё не.

Аз таблиғи ҳукумат то интиқоди мақомдорон

Идибеки Мардон то чанд моҳ пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо нашри наворҳое, ки аз сиёсати расмӣ пуштибонӣ мекарданд, маъруф шуда буд. Вале дар нимаи дуюми соли 2024 ӯ бо нашри як видео ҳукумати маҳаллии шаҳри Бохтар, бахусус шаҳрдор Абдулмаҷид Муминзодаро мавриди интиқоди шадид қарор дод.

Дар ин навор, ки моҳи сентябри соли гузашта паҳн шуд, блогер шаҳрдори Бохтарро ба таҳдид, фишор ва “шиканҷаи маънавӣ” муттаҳам кард ва гуфт, ки “аз дасти чунин мақомдорон маҷбур шудааст кишварро тарк кунад”.

Пас аз нашри навор, додгоҳ бо ҳукми ғоибона Идибеки Мардонро боздоштӣ эълон намуд. Маълум нест, ки ӯ баъдан ихтиёран ба Тоҷикистон баргашт ё аз кишвари дигар истирдод гардид, вале ба гуфтаи додгоҳ, ӯ пас аз бозгашт боздошт шуд.

Гузашта ва шеваи фаъолият

Идибеки Мардон дар гузашта бо наворҳое, ки алайҳи мухолифони сиёсӣ равона шуда буданд, машҳур шуда буд. Ӯ ҳамчунин бо риши дароз ва шеваи сухангӯии тунду эҳсосӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалби диққат мекард. Аммо баъдан муносибаташ бо мақомдорон, бахусус дар зодгоҳаш – шаҳри Бохтар, шиддат гирифт.

Худи ӯ пештар гуфта буд, ки маълумоти зиёде дар бораи фасод ва амалҳои ғайриқонунии баъзе мансабдорон дар даст дорад ва дар сурати зарурат онҳоро нашр хоҳад кард.

TajNews – манбаи боэътимоди ахбор.
Моро пайгирӣ кунед барои хабарҳои расмӣ ва таҳқиқоти муътамад аз Тоҷикистон.

- Душанбе

Тамос бо мо

📸 Шоҳиди ҳодисаи муҳим шудед?

Агар шумо шоҳиди як ҳодисаи муҳим ё ҷолиб шудед, акс ё видео гиред ва онро ба TajNews фиристед!

📱 Бо мо тамос гиред тавассути:
✅ WhatsApp: +380 733 123450
✅ Telegram: @TajNews_org_bot

Маълумоте, ки шумо мефиристед, махфӣ нигоҳ дошта мешавад ва метавонад барои фошсозии масъалаҳои муҳими ҷомеа кӯмак расонад.

RELATED ARTICLES

LEAVE A REPLY

Please enter your comment!
Please enter your name here

Most Popular

Recent Comments

Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова on Муроҷиати Додоҷон Атовуллоев ба Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ҳукми Рухшона Ҳакимова
Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор? – test on Ҷазои сахт барои ҳамлагари муфтии Тоҷикистон: Адолат ё фишор?
Яндекс.Метрика